At-Tartil · macOSAt-Tartil · Windows

Дастур барои компютер

Барномаи At-Tartil дар компютери Mac — сохтори равзана, мусҳаф, қироат, дарсҳо ва тугмаҳои клавиатура. Бахши лозимиро интихоб кунед ё ҷустуҷӯ намоед.Барномаи At-Tartil дар компютери Windows — сохтори равзана, мусҳаф, қироат, дарсҳо ва тугмаҳои клавиатура. Бахши лозимиро интихоб кунед ё ҷустуҷӯ намоед.

Оғоз: насб ва воридшавӣ

At-Tartil барои Mac дар Mac App Store аст. Дар macOS 13 (Ventura) ва версияҳои навтар кор мекунад — дар Mac-ҳои дорои протсессори Apple Silicon (M1 ва навтар) ва Intel.At-Tartil барои Windows дар Microsoft Store аст. Дар Windows 10 (версияи 1809 ва навтар) ва Windows 11, дар компютерҳои 64-битӣ (x64) кор мекунад.

  1. 1

    Насб

    Дар Mac App Store At-Tartil-ро ёбед ва Боргирӣ-ро пахш кунед. Барнома ба ҷузвдони Барномаҳо (Applications) насб мешавад ва дар Launchpad пайдо мегардад.Дар Microsoft Store At-Tartil-ро ёбед ва Гирифтан-ро пахш кунед. Барнома дар менюи Оғоз (Start) пайдо мешавад.

  2. 2

    Реҷаи меҳмон

    Бори аввал барнома дар реҷаи меҳмон кушода мешавад. Тугмаи Воридшавӣ дар кунҷи болоии рост — равзанаи воридшавӣ ба ҳисоб.

  3. 3

    Як ҳисоб — дар ҳамаи дастгоҳҳо

    Бо ҳисоби телефонатон ворид шавед: обунаи Pro, ном ва маълумот дар компютер ҳам ҳамон аст. Агар ҳисоб надошта бошед — Сабти ном (бо телефон ё почтаи электронӣ, баъд рамзи 4-рақама).

  4. 4

    Давраи озмоишии 7-рӯза

    Ҳангоми кушодани ҳисоби нав 7 рӯз ҳамаи имкониятҳо ройгон. Корт лозим нест.

Сохтори равзана

Дар компютер барнома дар равзанаи васеъ кушода мешавад: дар чап менюи паҳлуӣ, дар боло сатри сарлавҳа, дар поён плеер. Андозаи равзанаро дилхоҳ тағйир диҳед — саҳифаҳо худ мутобиқ мешаванд.

  1. 1

    Менюи паҳлуӣ

    Ҳамаи бахшҳо: Саҳифаи асосӣ, Қуръон, Ҳарфҳо ва махраҷҳо, Дарсҳои таҷвид, Тиловати 30 ҷузъи Қуръон, Тасбеҳ, инчунин Шахсӣ: Хатчӯбҳои ман, Такрор, Танзимот. Бахшҳо ҳолати худро дар хотир нигоҳ медоранд — вақте бармегардед, дар ҳамон ҷое, ки монда будед, кушода мешаванд.

  2. 2

    Ҷамъ кардани меню

    Менюи паҳлуӣ танҳо ба нишонаҳо мегузарад — барои саҳифа ҷойи бештар.

  3. 3

    Ҷустуҷӯ

    Зуд ёфтани сура, оят ё бахш. Аз клавиатура: ⌘ K (муфассал).Зуд ёфтани сура, оят ё бахш. Аз клавиатура: Ctrl K (муфассал).

  4. 4

    Намуди шабона / рӯзона

    Бо як пахш иваз мешавад (муфассал).

  5. 5

    Огоҳиномаҳо

    Рақами сурх — паёмҳои нохонда. Пахш кунед — рӯйхат кушода мешавад (муфассал).

  6. 6

    Профил

    Номи шумо ва мӯҳлати обуна. Пахш кунед — Танзимот.

  7. 7

    Плеер

    Ҳангоми пахши қироат дар поёни ҳар саҳифа меистад (муфассал).

Саҳифаи асосӣ

Маркази барнома: идомаи хониш, ояти рӯз, дарсҳо ва хатчӯбҳо.

  1. 1

    Идомаи хониш

    Сура ва ояте, ки охирин бор хондед. Идома — мусҳаф маҳз дар ҳамон оят кушода мешавад, Гӯш кардан — қироат аз ҳамон ҷо оғоз мешавад.

  2. 2

    Ояти рӯз

    Ҳар рӯз ояти нав. Тугмаҳои Гӯш кардан ва мубодила.

  3. 3

    Оғози такрор

    Равзанаи ёд кардани оятҳо бо такрор (муфассал).

  4. 4

    Дарсҳо

    Ҳарфҳо ва махраҷҳо, Дарсҳои таҷвид, Хондани Қуръонро оғоз мекунем, Тиловати 30 ҷузъи Қуръон, Тасбеҳ.

  5. 5

    Дастури истифода

    Ҳамин саҳифаро мекушояд.

Ҷустуҷӯи зуд (⌘ K)Ҷустуҷӯи зуд (Ctrl K)

Аз ҳар саҳифа ⌘ K-ро пахш кунед — сура, бахш ё оятро бо калимаи арабӣ дарҳол ёбед.Аз ҳар саҳифа Ctrl K-ро пахш кунед — сура, бахш ё оятро бо калимаи арабӣ дарҳол ёбед.

  1. 1

    Нависед

    Ном ё рақами сура (Ёсин, 36), номи бахш (Тасбеҳ) ё калимаи арабӣ.

  2. 2

    Интихоб кунед

    Бо ↑ / ↓ ҳаракат кунед, Enter — кушода мешавад. Esc — пӯшида мешавад.

Мусҳаф: хондани Қуръон PRO

Дар компютер мусҳаф ду саҳифа паҳлуи ҳам — мисли китоби чопӣ. Қуръон дар менюи паҳлуӣ ё Идома дар Саҳифаи асосӣ.

  1. 1

    Лавҳаи сураҳо

    Рӯйхати сураҳо ва ҷузъҳо бо ҷустуҷӯ. Пахш кунед — ҳамон сура кушода мешавад.

  2. 2

    Намуд

    Ду саҳифа, Як саҳифа ё Матни Қуръон (оятҳо дар намуди кортҳо — муфассал).

  3. 3

    Маънои рангҳои таҷвид

    Нуқтаҳои рангӣ — ҳар ранг кадом қоидаро ифода мекунад.

  4. 4

    Лавҳаи оят

    Амалҳои ояти интихобшуда дар тарафи рост кушода мешаванд (дар поён).

  5. 5

    Гузариш

    Рақами саҳифа, ҷузъ ё оятро ворид кунед ва Enter. Ҷойҳои охирин ҳам дар ҳамин ҷо.

  6. 6

    Танзимоти қироат

    Ороиши мусҳаф, тартиби хондан, ранги саҳифа, нашр (муфассал).

  7. 7

    Экрани пурра

    Танҳо мусҳаф мемонад — барои хондан бе парешонӣ. Esc — баромадан.

  8. 8

    Варақ задан

    Бо тирчаҳо ё аз клавиатура ← / →, Page Up / Page Down. Дар панели ламсӣ бо ду ангушт кашед.

  9. 9

    Саҳифа / ҷузъ

    Гузариши зуд ба саҳифа ё ҷузъи дигар.

Оятро пахш кунед — лавҳаи оят

  1. 1

    Аз ҳамин оят гӯш кардан

    Қироат маҳз аз ҳамин оят оғоз мешавад.

  2. 2

    Такрор, Хатчӯб, Мубодила, Нусха бардоштан

    Гузоштани оят ба равзанаи такрор, захира кардан дар Хатчӯбҳои ман, мубодила бо пайванд ё нусха бардоштани матни он.

  3. 3

    Ҷудо кардан

    Оятро бо ранг қайд кунед.

  4. 4

    Ҳамин ҷо истодам

    Идома дар Саҳифаи асосӣ маҳз аз ҳамин оят мекушояд.

  5. 5

    Ояти қаблӣ / баъдӣ

    Гузариш ба ояти ҳамсоя бе пӯшидани лавҳа.

Гузариш

Реҷаи Матни Қуръон PRO

Оятҳо дар намуди кортҳо, бо ҳарфи калон — барои хондан ва ёд кардан қулай. Матни Қуръон дар лавҳаи болоии мусҳаф.

  1. 1

    Андозаи ҳарф

    A− / A+ дар боло — хурд ё калон кардани матни арабӣ.

  2. 2

    ▶ дар ҳар оят

    Қироати оятро аз ҳамин ҷо оғоз мекунад.

  3. 3

    Пайгирии қироат

    Ҳангоми пахш ояти хондашаванда ҷудо нишон дода мешавад ва саҳифа худ ҳаракат мекунад. Агар худатон ба поён кашида хонед — саҳифа шуморо ба қафо намекашад.

  4. 4

    Ҷудо кардани матн

    Бо муш қисми оятро ҷудо карда ⌘ C — нусха бардошта мешавад.Бо муш қисми оятро ҷудо карда Ctrl C — нусха бардошта мешавад.

Намуди мусҳаф ва рангҳои таҷвид PRO

Намуд дар лавҳаи болоии мусҳаф → Танзимоти қироат. Ҳар тағйирот дарҳол захира мешавад.

  1. 1

    Ороиши мусҳаф

    Бо ҳошия — ҳошияи ороишӣ мисли китоби чопӣ, Бе ҳошия — ҷойи бештар барои матн.

  2. 2

    Тартиби хондан

    Ду саҳифа, Як саҳифа ё Матни Қуръон.

  3. 3

    Ранги мусҳаф

    Авто (ба мавзӯи барнома мутобиқ мешавад), сафед, сепия, сабз ё коғази шабона.

  4. 4

    Нашри мусҳаф

    Нашрро интихоб кунед: нашрҳои Мадина ва нашри рангҳои таҷвид. Нашри нав бори аввал ҳангоми интихоб боргирӣ мешавад.

  5. 5

    Рангҳои таҷвид

    Фаъол ё хомӯш кунед. Нуқтаҳои рангӣ — маънои ҳар ранг.

Плеери қироат ва саҳифаи «Гӯш кардан» PRO

Қироати оятҳо — бо овози Жаҳонгир қори Неъматов. Ояте, ки як бор шунида шудааст, дар компютер нигоҳ дошта мешавад ва баъд бе интернет пахш мегардад.

Плеери поёнӣ

  1. 1

    ∞ — такрори беохир

    Ояти ҷориро бе қатъ такрор мекунад. Ҳатто ҳангоми пахши ⏮ / ⏭ фаъол мемонад.

  2. 2

    ⏮ / ⏭

    Ояти қаблӣ ва баъдӣ.

  3. 3

    −15 / +15

    Дар дохили ояти ҷорӣ 15 сония ба қафо ё ба пеш.

  4. 4

    ▶ / ⏸

    Пахш ва таваққуф. Аз клавиатура — Фосила (агар матн навишта нашавад).

  5. 5

    Суръат

    Аз 0.5× то 2×. Суръати интихобшуда дар хотир нигоҳ дошта мешавад.

  6. 6

    Хатти пешрафт

    Кадом қисми оят пахш мешавад. Пахш кунед ё кашед — ба ҳамон ҷо мегузарад.

Унсурҳои дигари лавҳа

  1. 1

    Номи сура (дар чап)

    Пахш кунед — мусҳаф кушода мешавад ва ояти пахшшаванда ҷудо нишон дода мешавад.

  2. 2

    Баландии садо (дар рост)

    Садо дар дохили барнома. Барои кушодани навбатӣ ҳам дар хотир мемонад.

  3. 3

    ⌃ — саҳифаи Гӯш кардан

    Саҳифаи гӯш кардан бо пайгирии оят ба оятро мекушояд (дар поён). ⌄ — бармегардонад.

  4. 4

    ✕

    Плеерро мепӯшад ва қироатро қатъ мекунад.

Саҳифаи «Гӯш кардан»

  1. 1

    Пайгирии оят ба оят

    Матни пурраи сура; ояти хондашаванда ҷудо шудааст ва саҳифа аз паи он меравад. Оятро пахш кунед — қироат аз ҳамон оят идома меёбад.

  2. 2

    Дар навбат

    Сураҳои навбатӣ. Пахш кунед — ҳамон сура пахш мешавад.

Такрор: ёд кардани оятҳо PRO

Фосилаи оятҳоро интихоб кунед ва муайян кунед, ки чанд бор такрор шавад — барнома худ мехонад, шумо бошед аз паи он такрор мекунед.

  1. 1

    Оғози фосила

    Сура ва ояти оғоз.

  2. 2

    Охири фосила

    Сура ва ояти анҷом. Фосила метавонад якчанд сураро низ дар бар гирад.

  3. 3

    Такрори фосила

    Тамоми фосила чанд бор такрор шавад: аз 1 то 100 ё ∞ (то қатъ карданатон).

  4. 4

    Ҳар оят

    Ҳар оят пай дар пай чанд бор хонда шавад (1–100).

  5. 5

    Гӯш кардан ▶

    Такрор оғоз мешавад ва мусҳаф ояти хондашавандаро пайгирӣ мекунад.

Хатчӯбҳои ман (оятҳои захирашуда) PRO

Оятҳое, ки дар мусҳаф захира кардед, дар ин ҷо ҷамъ мешаванд. Хатчӯбҳои ман дар менюи паҳлуӣ.

  1. 1

    Оятро кушоед

    Кортро пахш кунед — мусҳаф маҳз дар ҳамон оят кушода мешавад ва оят як лаҳза ҷудо нишон дода мешавад.

  2. 2

    Илова ва нест кардани хатчӯб

    Дар мусҳаф оятро пахш карда, Хатчӯб-ро дар лавҳаи оят интихоб кунед.

Дарсҳои таҷвид

Дарсҳои таҷвид дар менюи паҳлуӣ. Се бахш: дарсҳои назариявӣ, видеодарсҳо ва савол-ҷавоб.

  1. 1

    Бахшҳо

    Дарсҳои назариявӣ (PRO), Видеодарсҳо, Савол-ҷавоб (PRO).

  2. 2

    Модулҳо

    Дарсро аз рӯйхати чап интихоб кунед — дар тарафи рост кушода мешавад.

  3. 3

    Видео ва матн

    Видеои дарс ва хулосаи қоида бо мисолҳои арабӣ.

  4. 4

    Қисмҳо

    Агар дарс аз якчанд қисм иборат бошад — ҷадвалчаҳо.

Видеодарсҳо

  1. 1

    Рӯйхат

    Видеоро аз рӯйхати рост интихоб кунед. Дарсҳои дидашуда ва ҷое, ки истодед, дар хотир нигоҳ дошта мешаванд.

  2. 2

    Идоракунӣ

    Пахш, кашидан ва экрани пурра дар зери видео. Фосила — пахш / таваққуф, Esc — баромадан аз экрани пурра.

Ҳарфҳо ва махраҷҳо

Ҳарфҳои арабӣ ва ҷойҳои баромади онҳо (махраҷ) — барои онҳое, ки хондани Қуръонро аз аввал меомӯзанд.

  1. 1

    Алифбои арабӣ (PRO)

    28 ҳарф. Ҳарфро пахш кунед — дар тарафи рост навишти он бо ҳаракатҳо ва сукун, тавсифи махраҷ ва Шунидани талаффуз.

  2. 2

    Видеодарсҳо

    Видеодарсҳое, ки алифборо марҳила ба марҳила меомӯзонанд (воридшавӣ ба ҳисоб лозим аст).

  3. 3

    Савол-ҷавоб (PRO)

    Тест оид ба ҳарфҳо (муфассал).

Савол-ҷавоб (тест) PRO

Савол-ҷавоб дар бахшҳои Дарсҳои таҷвид ва Ҳарфҳо. Ҳар дафъа то 10 саволи нав интихоб мешавад.

  1. 1

    Ҷавобро интихоб кунед

    Вариантро пахш кунед ё аз клавиатура тугмаҳои A / B …

  2. 2

    Тафтиш

    Enter ё Тафтиш — дуруст ё хато будани ҷавоб нишон дода мешавад, баъд саволи навбатӣ.

  3. 3

    Харитаи саволҳо

    Дар тарафи рост: дар кадом савол ҳастед, вақти сарфшуда ва натиҷаҳо.

Тасбеҳ

Тасбеҳҳои баъд аз намоз, зикрҳо, салавотҳо ва ҳисобҳои худатон. Ройгон, бе интернет кор мекунад.

  1. 1

    Ҷадвалчаҳо

    Намоз (33 + 33 + 33 + 1), Зикр, Салавот, Мустақил.

  2. 2

    Ҳисоб кардан

    Доираро пахш кунед ё Фосила-и клавиатураро — ҳар пахш +1.

  3. 3

    Зикри навбатӣ

    Ҳангоми расидан ба ҳадаф худ ба зикри навбатӣ мегузарад; бо тугма ҳам гузаштан мумкин аст.

Реҷаи шабона

Намуди торик, ки шабона чашмро хаста намекунад. Рангҳои таҷвид шабона ҳам равшананд.

  1. 1

    Бо як пахш

    Нишонаи моҳ / офтоб дар сатри сарлавҳа.

  2. 2

    Дар танзимот

    Танзимот → Намуд: Равшан, Торик ё Аз рӯи система (ба мавзӯи macOS мутобиқ мешавад).Танзимот → Намуд: Равшан, Торик ё Аз рӯи система (ба мавзӯи Windows мутобиқ мешавад).

  3. 3

    Танҳо барои мусҳаф

    Танзимоти қироат → Ранги мусҳаф.

Обунаи Pro ва пардохт

Pro — мусҳаф, қироат, такрор, хатчӯбҳо, дарсҳои назариявӣ ва тестҳоро мекушояд. Обуна ба ҳисоб пайваст аст: Pro-е, ки дар телефон гирифтаед, дар компютер ҳам кор мекунад. Ба таври худкор пул гирифта намешавад.

  1. 1

    Тарифро интихоб кунед

    Танзимот → Обуна → Тарифҳоро дидан. 1, 3, 6 моҳа ё солона.

  2. 2

    Усули пардохт

    Payme, Click ё Тавассути корт.

  3. 3

    Payme / Click

    Саҳифаи пардохт дар браузер кушода мешавад. Пас аз пардохт ба барнома баргардед ва Тафтиши пардохт-ро пахш кунед.

  4. 4

    Тавассути корт

    Рақами корт ва мӯҳлати амал → Фиристодани код → рамзи SMS → Тасдиқ ва пардохт.

Ҳадя кардани Pro

Ба наздиконатон обунаи Pro ҳадя кунед — он дар гиранда дарҳол кушода мешавад.

  1. 1

    Равзанаи туҳфа

    Танзимот → Обунаро туҳфа кардан.

  2. 2

    Тариф ва табрик

    Мӯҳлатро интихоб кунед ва ворид кунед, ки дар корт чӣ навишта шавад — масалан, «Туҳфа барои модарҷонам».

  3. 3

    Ба кӣ

    Рақами телефон ё почтаи электронии гиранда (ӯ бояд дар At-Tartil ба қайд гирифта шуда бошад).

  4. 4

    Пардохт ва мубодила

    Фиристодани тӯҳфа → пардохт. Баъд корти туҳфаро боргирӣ кардан ё тавассути Telegram фиристодан мумкин аст.

Вақте ба шумо туҳфа мекунанд

Ҳангоми кушодани барнома равзанаи табрик пайдо мешавад: кӣ туҳфа кард ва кадом имкониятҳо кушода шуданд. Туҳфаро қабул мекунам — Pro дарҳол кор мекунад.

Реферал: дӯстонро даъват кунед

Агар дӯстатон бо рамзи шумо сабти ном кунад — ба ҳардуятон рӯзҳои обунаи ройгон.

  1. 1

    Равзанаи реферал

    Танзимот → Реферал.

  2. 2

    Рамзи шумо

    Нусха бардоштан — рамз нусхабардорӣ мешавад. Мубодилаи реферал — паёми тайёр.

  3. 3

    Омор

    Шумора ва рӯйхати корбароне, ки даъват кардаед.

Огоҳиномаҳо

Хабарҳо, табрикҳо ва Саволи тез оид ба таҷвид. Нишони 🔔 дар сатри сарлавҳа.

  1. 1

    Дидани зуд

    🔔-ро пахш кунед — рӯйхати паёмҳои охирин кушода мешавад. Esc — пӯшида мешавад.

  2. 2

    Ҳамаро дидан

    Саҳифаи пурра: дар чап рӯйхат, дар рост паёми интихобшуда.

  1. 1

    Нохондаҳо

    Бо заминаи тиллоӣ ва нуқта. Ҳама хонда шуд — ҳамаро қайд кардан.

  2. 2

    Саволи тез

    Дуруст ё Хато-ро интихоб кунед. Агар хато бошад — шарҳи видеоии устод.

Танзимот

Танзимот дар менюи паҳлуӣ, пахш кардани профилатон ё ⌘ , («Settings» дар менюи macOS).Танзимот дар менюи паҳлуӣ, пахш кардани профилатон ё Ctrl ,.

  1. 1

    Ҳисоб

    Профил (иваз кардани ном), Обуна, Обунаро туҳфа кардан, Реферал.

  2. 2

    Барнома

    Намуд (мавзӯъ), Забон — 12 забон, Тоза кардани қироати боршуда.

  3. 3

    Ёрӣ

    Дастури истифода, дастгирӣ, ба барнома баҳо додан, Дар бораи барнома.

Тугмаҳои клавиатура

Барои кори зуд бе муш.

  1. 1

    ⌘ KCtrl K

    Ҷустуҷӯи зуд: сура, оят, бахш.

  2. 2

    ⌘ ,Ctrl ,

    Танзимот.

  3. 3

    Фосила

    Қироат: пахш / таваққуф. Дар Тасбеҳ — ҳисоб кардан. Агар видео кушода бошад — видео.

  4. 4

    ← → · Page Up Page Down

    Варақ задани саҳифаҳо дар мусҳаф.

  5. 5

    Esc

    Баромадан аз лавҳа, равзана ё экрани пурра.

  6. 6

    ⌘ [ ё тугмаи «ба қафо»-и мушAlt ← ё тугмаи «ба қафо»-и муш

    Баргаштан ба саҳифаи қаблӣ.

  7. 7

    Tab · Enter

    Ҳаракат байни тугмаҳо ва пахш кардани онҳо.

  8. 8

    ⌃ ⌘ FF11

    Равзанаро ба тамоми экран васеъ кардан (macOS).Равзанаро ба тамоми экран васеъ кардан; баромадан — боз F11 ё Esc.

  9. 9

    F1

    Дастури истифода дар дохили барнома.

Навсозии барнома

Версияҳои нав тавассути Mac App Store меоянд.Версияҳои нав тавассути Microsoft Store меоянд.

  1. 1

    Худкор

    Агар дар танзимоти Mac App Store навсозии худкор фаъол бошад — худ навсозӣ мешавад.Microsoft Store одатан барномаҳоро худаш навсозӣ мекунад. Дастӣ: Microsoft Store → Китобхона → Гирифтани навсозиҳо.

  2. 2

    Дар дохили барнома

    Ҳангоми баромадани версияи нав барнома хабар медиҳад: Ҳозир навсозӣ — саҳифаи он дар App Store кушода мешавад.Ҳангоми баромадани версияи нав барнома хабар медиҳад: Ҳозир навсозӣ — саҳифаи он дар Microsoft Store кушода мешавад.

Саволҳои маъмул

Оё барои Mac ҷудогона пардохт кардан лозим аст?Оё барои Windows ҷудогона пардохт кардан лозим аст?

Не. Боргирии барнома ройгон аст, обунаи Pro ба ҳисоби шумо пайваст аст — Pro-е, ки дар телефон гирифтаед, дар компютер ҳам бо ҳамон ҳисоб кор мекунад.

Дар кадом Mac-ҳо кор мекунад?Дар кадом компютерҳо кор мекунад?

Дар macOS 13 (Ventura) ва версияҳои навтар — дар Mac-ҳои дорои протсессори Apple Silicon (M1 ва навтар) ва Intel.Дар Windows 10 (версияи 1809 ва навтар) ва Windows 11, дар компютерҳои 64-битӣ (x64).

Оё қироатро бе интернет гӯш кардан мумкин аст?

Ҳа. Ояте, ки як бор шунида шудааст, дар компютер нигоҳ дошта мешавад ва баъд бе интернет пахш мегардад.

Оё хатчӯбҳо ва ҷойи хониши ман аз телефон дар компютер ҳам намоён мешаванд?

Ҳоло не — хатчӯбҳо, нишонаҳои хониш ва ҳисобҳои тасбеҳ дар ҳар дастгоҳ алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Аммо обуна ва ҳисоб умумӣ аст.

Чӣ тавр як оятро беохир такрор кунам?

Тугмаи ∞-ро дар плеер пахш кунед — ояти ҷорӣ бе қатъ такрор мешавад (муфассал).

Оё аз клавиатура идора кардан мумкин аст?

Ҳа: Фосила — пахш / таваққуф, ← / → — саҳифа, ⌘ K — ҷустуҷӯ, Esc — пӯшидан. Рӯйхати пурра — Тугмаҳои клавиатура.Ҳа: Фосила — пахш / таваққуф, ← / → — саҳифа, Ctrl K — ҷустуҷӯ, Esc — пӯшидан. Рӯйхати пурра — Тугмаҳои клавиатура.

Агар мушкил бошад, ба куҷо нависам?

Танзимот → Дастгирӣ ё Telegram: @inquiryuz.

Барои Mac боргирӣ кунедБарои Windows боргирӣ кунед

Download on the Mac App Store Get it from Microsoft

Навсозӣ шуд: 2026-10-31 · At-Tartil 5.0